10-уми октябр рӯзи таваллуди иқтисодчии шинохтаи тоҷик Ҷамолиддин Нуралиев мебошад.
Нуралиев Ҷамолиддин Камолович 10 октябри соли 1977 таваллуд шудааст.
Ӯ Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ (дипломи аъло) соли 1999, ҳамчунин Коллеҷи Донишгоҳи Мэриленди иёлати Мэриленди ИМА-ро бомуваффақият хатм намудааст. Магистри идоракунӣ дар самти соҳибкорӣ (MИС) (2005), магистри илм дар соҳаи менеҷменти молиявӣ (2006) ва соҳиби шаҳодатнома-дипломи идоракунии молиявӣ дар созмонҳо (2007) мебошад. Забонҳои русӣ ва англисиро хуб медонад.
Солҳои 1999-2001 — иқтисодчӣ дар идораи назарсанҷӣ ва методологияи Бонки Миллии Тоҷикистон;
Солҳои 2001-2004 — машваратчии мудири иҷроияи гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, ки аз Бонки Байналмилалии Барқарорсозӣ ва Рушд (ББР), Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (АБР), Агентии бисёрҷонибаи кафолати сармоягузорӣ (АБКС) ва Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (КБМ);
Солҳои 2004-2007 — машваратчии мудири иҷроияи Хазинаи Байналмилалии асъор;
Соли 2007 — машваратчии мудири иҷроияи гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ;
Соли 2007 — 10.03.2010 — муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз 10 марти 2010 то 4 майи 2015 —Муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз 4 майи 2015 то 10 июни 2022 —Муовини якуми Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон ва намояндаи Тоҷикистон дар Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии асъор.
Сипосномаҳо:
• Сипосномаи фахрии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.08.2011, №55;
• Унвони фахрии «Аълочии соҳаи молия»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.08.2012, қарорномаи №57;
• Ордени «Шараф – дараҷаи 2» 06.09.2013.
Ҷамолиддин Камоловичи муҳтарам! Ҳайати ООО «Имруз-Медиа», рӯзномаи «ИмрузNews», https://imruz.tj/, Радиои «Шаҳри ман» 97.7 FM https://shahriman.tj/, инчунин маҷаллаи шабакавии «Садои Осиёи Марказӣ» https://golos.tj/ Шуморо самимона бо рӯзи таваллудатон табрик мегӯянд!
Ба Шумо ва наздиконатон умри дароз, саломатии бардавом, сарбаландӣ ва дастовардҳои назаррасро дар ҳаёт ва фаъолиятатон таманно дорем.
Бигузор табъатон ҳамеша болида ва хушбахтиву пирӯзиҳо ҳамсафари доимиатон бошанд!