Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest-2025» баргузор мешавад

Shared to Facebook

14 -16 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest-2025» баргузор мегардад, иттилоъ додааст АМИТ «Ховар».

Форум бо мақсади  ҷалби сармоягузории «сабз», муаррифии иқтидори тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории кишвар, инчунин  таҳкими ҳамкории байналмилалӣ доир гардида, дар кори он намояндагони давлатҳо ва корхонаву  ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ, ташкилоту созмонҳои молиявии минтақавию байналмилалӣ ва доираҳои соҳибкорӣ иштирок хоҳанд намуд.