Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои 2-и Осиё бо бошгоҳи “Гоа”-и Ҳиндустон андари майдони рақобат шуд, иттилоъ додааст https://varzishtv.tj.
Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуда, бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи “Истиқлол” хотима ёфт. Бозиро довари ФИФА, Ториқ Мунир Ал-Катири аз Индонезия ҳакамӣ намуд.
Рустам Соиров дар дақиқаи 46-ум ва Ризо Деҳқонӣ дар дар дақиқаи 74-уми бозӣ голҳои “Истиқлол”-ро дар ин бозӣ ба самар расониданд.
Ин аввалин ғалабаи “Истиқлол” дар Лигаи чемпионҳои 2-и Осиё мебошад. Соли гузашта, дастаи шаҳри Душанбе дар ин мусобиқа дар марҳилаи гурӯҳӣ ширкат варзида, ғалаба ба даст наоварда буд. Танҳо “Равшан” аз Тоҷикистон дар мусобиқаи Лигаи чемпионҳои 2-и Осиё як ғалаба дар ҳисоб дорад.
Дар бозии дигари гурӯҳи “D” дастаи “Ал-Завра” бо ҳисоби 2 бар 0 дар майдони хонагӣ мағлуби “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ гардид.
Маврид ба зикр аст, ки “Истиқлол” дар бозии аввали гурӯҳӣ аз “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ мағлуб шуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Ал-Аввал Парк” дар шаҳри Риёз доир шуда, бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 хотима ёфта буд. Дар бозии дигари гурӯҳи “D” дастаи “Ал-Завра” бо ҳисоби 2 бар 0 дар сафар бар “Гоа” зафар ёфт.
Ҳамакнун, дар даври сеюм “Истиқлол” рӯзи 22-юми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо “Ал-Завра”-и Ироқ бозӣ мекунад. “Гоа” дар ҳамин рӯз дар Риёз бо “Ал-Наср” дидор анҷом медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки пас аз анҷоми бозиҳои даври дуюм дар гурӯҳи “D” тими “Ал-Наср” бо 6 имтиёз дар зинаи аввал аст. “Ал-Завра” ва “Истиқлол” 3 имтиёзӣ дошта, мутаносибан дар зинаҳои 2-юм ва 3-юм маскан гирифтаанд. “Гоа” бидуни имтиёз дар зинаи охир аст.