Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои таҳкиму густариши онҳо, вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла таҳаввулоти ахир дар Афғонистонро баррасӣ кардааст.
Аввали ин ҳафта Сироҷиддин Муҳриддин бо мақсади иштирок дар мулоқоти дуюми вазирони кишварҳои хориҷии ҳамсояи Афғонистон ба Теҳрон рафт:
“Ҷонибҳо зарурати истифодаи имконот ва зарфиятҳои мавҷударо барои тавсеаи равобити тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Эрон таъкид карданд”, — хабар дод Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Зикр мешавад, ки Президенти Эрон ба Президент ва мардуми Тоҷикистон барои меҳмоннавозии самимона зимни сафари расмияш ба кишвари мо дар моҳи гузашта изҳори сипос намуд.
Бино ба хабари матбуоти Эрон, дар ин мулоқот Иброҳим Раисӣ гуфтааст, “дар сафари ахири ӯ ба Тоҷикистон дар равобити Теҳрону Душанбе саҳифаи нав боз шуд”.
Вай дар ин мулоқот ҳамчунин бар зарурати таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карда, ба нақши муҳими кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Эрон ва Тоҷикистон дар истиқрори сулҳу амният дар Афғонистон ишора намудааст.
“Мо саъй мекунем, ки дар Афғонистон як ҳукумати фарогир таъсис дода шавад, то амният дар ин кишварро таъмин кунад, ба ҷанг ва бародаркушӣ хотима бахшад”, — гуфтааст Президенти Эрон.
Раисӣ ҳамзамон дар нишасти вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Теҳрон ба ҳамоҳангӣ ва ташкили мавзеъи муштарак дар мавриди Афғонистон изҳори умедворӣ кардааст.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ итминон додааст, ки Душанбе дар пайи густариш ва тавсеаи равобит бо Теҳрон аст:
“Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки узвияти Эрон дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой барои ҳама кишварҳо нафъ меорад ва дар таъмини сулҳу субот дар минтақа саҳм мегузорад”, — афзудааст Сироҷиддини Муҳриддин.
Вай таъкид кардааст, ки ҳукумати нави Афғонистон бояд ба тамоми қавмҳои ин кишвар эҳтиром гузорад.
Рӯзи 26 октябр Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин бо Вазири корҳои хориҷии Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён мулоқот кардааст.
Бино ба хабари ВКХ Тоҷикистон, дар вохӯрӣ алоқамандии ҷонибҳо барои густариши равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъкид гардидааст.
Ҷонибҳо нақши Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эронро дар роҳи тавсеаи ҳамкориҳо зикр намудаанд.
Ҳамчунин, роҷеъ ба баҳрабардорӣ аз лоиҳаҳои муштарак ва истифодаи зарфиятҳои мавҷуда ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ табодули назар сурат гирифтааст.
Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар зимни баррасии вазъи Афғонистон ташкили ҳукумати фарогирро дар ин кишвар ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва рушди иҷтимоиву сиёсӣ дар Афғонистон таъкид кардаанд.