Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат як қатор иншооти нави иҷтимоӣ ва истеҳсолиро мавриди истифода қарор доданд

Shared to Facebook

26 сентябри соли 2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд.

Дар доираи сафар чандин иншооти муҳими иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Нахуст, Сарвари давлат Беморхонаи кӯдаконаи зидди силро ифтитоҳ намуданд. Иншоот бо маблағгузории Бонки олмонии рушд ва Ҳукумати Тоҷикистон сохта шуда, барои 50 кат пешбинӣ гардидааст.

Дар беморхона шуъбаҳои махсусгардонидашуда ва таҷҳизоти муосир насб шудаанд, ки имконият медиҳанд хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон дар сатҳи баланд анҷом дода шавад.

Сипас, Пешвои миллат Мактаби миёнаи умумии №152-ро барои 2 400 хонанда мавриди истифода қарор доданд. Муассиса дорои 53 синфхона, озмоишгоҳҳо, китобхона бо беш аз 10 ҳазор нусха китоб, толори маҷлис ва варзиш аст. Бо ба истифода додани мактаб беш аз 140 омӯзгор бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Дар идомаи сафар Президенти мамлакат бинои нави Шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Ваҳдат-ро ифтитоҳ намуда, ба кормандони мақомоти амниятӣ калидҳои манзилҳои истиқоматиро супориданд.

Дар бахши саноатӣ як қатор корхонаҳои нав ба фаъолият оғоз намуданд. Аз ҷумла, ҶДММ “Талант” бо иқтидори истеҳсоли 250 ҳазор хишт дар як шабонарӯз ва бо 60 ҷойи нави корӣ, ҳамчунин ҶДММ “Зиннат Гач”, ки маҳсулоти гуногуни сохтмонӣ истеҳсол мекунад.

Иқтидори корхона ҷавобгӯ ба талаботи бозори дохилӣ ва содиротӣ мебошад.

Бо сармояи хориҷӣ дар шаҳри Ваҳдат корхонаи “Роял Бебӣ Тоҷикистон” ба фаъолият оғоз кард. Иқтидори солонаи корхона то 75 миллион адад маҳсулоти кӯдакона буда, дар марҳилаи аввал 65 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Дар охир, Пешвои миллат бо фаъолияти хонаводаи ниҳолпарварӣ дар деҳоти Раҷаб Исмоилов шинос шуданд. Дар масоҳати 5 гектар зиёда аз 25 ҳазор дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ парвариш меёбанд. Ин иқдом дар доираи Барномаи давлатии кабудизоркунӣ то соли 2040 роҳандозӣ шудааст.

Бо ба истифода додани иншооти нави иҷтимоиву истеҳсолӣ садҳо сокинони шаҳри Ваҳдат бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, шароити мусоид барои рушди иқтисодӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ фароҳам оварда мешавад.

Шарҳи бештар дар:https://www.president.tj/