Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 роҳ ёфт, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дастаи Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи «С» бо чемпиони чоркаратаи Осиё — Ҷопон рӯ ба рӯ шуд. Бозӣ бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи ҷопониҳо ба поён расид. Ба ин тартиб, дастаи миллии Тоҷикистон бо шаш имтиёз дар гурӯҳи «С» мақоми дуюмро касб кард ва ба қисми ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2026, ки дар Индонезия баргузор мешавад, роҳхат гирифт.
Акс: Федератсияи футболи Тоҷикистон