Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 декабр Паёми солонаи худро “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон ироа намуданд.
Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистонро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои муайян ба миён гузоштанд.
Аз ҷумла, Президент гуфтанд, солҳои 2022-2026 дар кишвар панҷсолаи рушди саноат эълон карда шавад:
“То ҷашни 35-солагии истиқлолияти кишвар солҳои рушди саноат эълон карда шавад”, — таъкид карданд Сарвари давлат.
Ҳамзамон дастур дода шуд, ки дар ин муддат беш аз 500 ҳазор ҷойи корӣ фароҳам созхта шуда, даромади аҳолӣ бояд дар ин давра то ду маротиба афзоиш ёбад ва сатҳи камбизоатӣ то 15 дарсад поин равад.
Ҳамчунин, гуфта шуд, соли 2022 аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион ва соли 2026 ба 11 миллион мерасад ва бояд барномаву стратегияҳои давлат бар асоси афзоиши шумораи аҳолӣ таҳия шаванд.
Дастур дода шуд, ки то охири соли 2022 дар кишвар Стратегияи иқтисодии давлат таҳия ва пазируфта шавад.
Ҳамчунин, Президент зимни ироаи Паём эълон карданд, ки кишоварзони пиллапарвар аз пардохти андоз ба муҳлати 10 сол озод карда шаванд.
Гуфта шуд, пиллапарварӣ ва умуман кишоварзӣ солҳои охир дар тамоми ҷаҳон қариб аз байн рафтааст ва барқарор кардани пиллапарварӣ дар Тоҷикистон барои пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ зарур аст.
Дастур дода шуд, ки мақомоти марбута дар доираи панҷсолаи рушди саноат (солҳои 2022-2026) масъалаи рушди пиллапарвариро дар кишвар бозбинӣ намуда, ҳамаи камбудиҳои дар ин самт ҷойдоштаро бартараф кунанд.
Аз ҷумлаи мавзӯъи дигари Паём низоми таълим ва забономӯзӣ дар мактабу донишгоҳҳо буд, ки мавриди интиқоди Сарвари давлат қарор гирифт. Президент гуфтанд, системаи омода кардани кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ қафо мондааст, омӯзгорони мо бо забонҳои хориҷӣ ҳарф зада наметавонанд.
“Аксарияти омӯзгорон бо равишҳои куҳна дарс мегузаранд, ҳол он ки дунё пеш рафтааст. Мо бояд аз ин методҳои куҳна даст кашем, ислоҳоти комил гузаронем”, — таъкид намуданд Президент ва афзуданд, ки бо ин шева “мо худамон худамонро фиреб медиҳем. Фақат диплому коғаз медиҳем, дар калла чизе нест”.
Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, мо бояд дар давоми 10 соли оянда инро бипазирем, ки минбаъд дар ҳукумат ва вазифаҳои хидмативу роҳбарикунанда танҳо нафаронеро бигирем, ки бо ду забони хориҷӣ 100 дар сад ҳарф зада метавонанд.
Гуфта шуд, ҳоло расман дар кишвар 1080 нафар омӯзгор дар мактабҳои миёна намерасад, аммо 10-20 ҳазор омӯзгор бо маълумоти миёна дарс медиҳанд.
Дар ин робита ба Вазорати маориф ва илм дастур дода шуд, ки бо дарназардошти равандҳои муосир лоиҳаи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия кунад.
Дар айни замон Сарвари давлат эълон карданд, ки аз моҳи июли соли 2022 маош, нафақа ва стипендия дар Тоҷикистон афзоиш меёбанд.
Ҳамин тавр, ба гуфтаи Президент, аз тобистони соли 2022 маоши кормандони буҷавӣ то 20 дарсад баланд бардошта мешавад.
“Аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати ҳамаи кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва давлатӣ, маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ, инчунин стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда мешавад”, — гуфта шуд зимни ироаи Паём.
Ҳамчунин пешниҳод шуд, ки аз 1 январ маоши кормандони низомӣ 25 дарсад ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ 20 дарсад зиёд карда шуда, ҳадди ақали музди меҳнат то 50{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} боло бурда, 600 сомонӣ муқаррар карда шавад.
Аз 1 июли соли 2022 андозаи нафақаи ҷорӣ барои кӯдакони ятим низ 25 фоиз зиёд карда мешавад.
Дар баробари ин, дар пайи афзоиши аҳолӣ ба мақомоти марбута дастур дода шуд, ки дар шаҳру навоҳии кишвар бунёди биноҳои баландошёнаро ба роҳ монанд:
“Минбаъд дар марказҳои шаҳру ноҳия ва шаҳракҳо танҳо бунёди манзилҳои баландошёна шавад. Зеро аҳолӣ зиёд мешавад ва мо наметавонем он заминҳои кишоварзиро пурра барои сохмон диҳем”, — гуфтанд Президент.
Кумитаи меъморӣ ва сохтмону дигар ниҳодҳои марбута вазифадор карда шуданд, ки сохтмонҳоро бо риояи қоидаҳои ҷорӣ ва бо дарназардошти фарҳанги шаҳрсозии миллию масолеҳи хушсифат ба роҳ монанд.
Гуфта шуд, дар даврони истиқлолият дар Тоҷикистон барои бунёди биноҳои истиқоматӣ, ки ҳаққи 1 миллиону 400 ҳазор оила аст, 138 ҳазор гектар замин ҷудо шудааст. Бо ин роҳ беш аз 8 миллиону 800 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон имкони беҳтар кардани шароити зиндагии худро пайдо кардаанд. Ин дар ҳолест, ки дар 70 соли шӯравӣ барои аҳолӣ ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин ҷудо шуда буд.
Сарвари давлат ҳамчунин таъкид доштанд, ки соли 1991 дар Тоҷикистон 216 ҳазор автомобилҳои шахсӣ ба қайд гирифта шуда, имрӯз шумори онҳо ба зиёда аз 2 млн адад расидааст.
Ба маълумоти расмӣ, дар давраи соҳибистиқлолии кишвар 3,3 млн ҷойҳои корӣ таъсис дода шуда, дар 20 соли ахир рушди иқтисод ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,5{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} таъмин, даромади буҷет аз 252 млн сомонӣ то 28 млрд сомонӣ расидааст.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аз 1,8 млрд сомонӣ дар соли 2000-ум то ба 5 млрд сомонӣ дар соли 2021 афзудааст. Яъне, дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар, ҳаҷми буҷети давлатӣ — 111 баробар ва ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ — зиёда аз 30 баробар зиёд шудаанд.
Илова ба ин, дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 нерӯгоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ гардид.
Дар бист соли охир ба кишвар беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 59 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шудааст.
“Бо амалисозии лоиҳаҳои бузурги бунёду таҷдиди иншооти энергетикии мамлакат мо итминон дорем, ки дар 7 соли оянда иқтидорҳои энергетикии кишварро ба 10 ҳазор мегаватт расонида, ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат, яъне истиқлолияти комили энергетикӣ муваффақ шавем”, — гуфтанд Президент.
Зарур шуморида шуд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ бо дарназардошти тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати рушди энергетикаи “сабз” бояд то охири соли 2022 Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул карда, татбиқи онро таъмин намояд.
Ҳамчунин, гуфта шуд, дар 30 соли ахир 187 ҳазор мутахассиси соҳаи тиб омода шудааст, аммо имрӯз дар муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон мутахассис намерасад. Сарвари давлат ҳамзамон аз хизматчиёни давлатӣ интиқод карданд, ки барои табобат ба хориҷ мераванд ва ба мутахассисони дохилӣ эътимод надоранд. Мансабдорон ҳатто барои табобати дарди сару дандон ба кишварҳои хориҷ мераванд:
“Махсусан хизматчиёни давлатӣ ва аъзои ҳукумат, сараш дард кунад медавад хориҷа. Ҷаноби олӣ ҷавоб диҳед, ки хориҷа меравам”, — нигаронӣ карданд Президент ва инро эътиқод надоштан ба табибони худ маънидод карданд. Ин дар ҳолест, пандемияи коронавирус нишон дод, ки доштани мутахассисони касбӣ то чӣ андоза муҳим аст.
Президент Зимни ироаи Паём бори дигар ба қазияи Афғонистон ишора карда, гуфтанд, Тоҷикистон ҳаргиз ба масъалаҳои дохилии кишварҳои ҳамсояи худ мудохила намекунад. Гуфта шуд, Тоҷикистон хостори ташкили як ҳукумати фарогир дар Афғонистон мебошад, ки намояндагони ҳамаи қавмҳо дар он шомил бошанд:
“Зиёда аз бист сол мешавад, ки Тоҷикистон аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон ҷалб менамояд.
Бори дигар такрор мекунам, ки ҳолати фоҷиабори дар ин кишвар баамаломада гуноҳи мардуми дорои тамаддун ва таъриху фарҳанги бисёр қадимии Афғонистон нест, балки натиҷаи дахолати хориҷӣ ба корҳои дохилии он мебошад, ки беш аз 43 сол инҷониб идома дорад.
Мардуми Тоҷикистон натиҷаи дахолати доираҳои манфиатдори хориҷиро, ки боиси сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта, ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар ва ятим мондани зиёда аз 50 ҳазор нафар кӯдакон гардид, ҳаргиз фаромӯш намекунанд.
Бинобар ин, мо, ки чунин таҷрибаи талхи таърихӣ дорем, ҳеҷ гоҳ ба масъалаҳои дохилии ҳамсояҳои худ дахолат намекунем ва дар муносибат бо онҳо ягон ҳадафи ғаразнок надорем.
Мо ҳамеша ҷонибдори он ҳастем, ки дар кишварҳои ҳамсояи мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва мо тавонем, ки бо онҳо дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда зиндагӣ кунем.
Маҳз бо ҳамин сабаб Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарини Афғонистон ба тақдири мардуми азияткашидаи ин кишвар бетафовут буда наметавонад.
Мо чунин мешуморем, ки сарҷамъ сохтани тамоми мардум ва таъсис додани ҳукумати фарогири манфиатҳо ва намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва нерӯҳои сиёсӣ ягона роҳи расидан ба суботу оромӣ дар Афғонистон мебошад”, — гуфтанд Президент ва таъкид карданд, ки мо ҳамеша ҷонибдори рушди ҳамкориҳои созанда бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асоси усули дӯстиву ҳамкорӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтирому эътимоди тарафайн дар минтақа мебошем.