Шавкат Мирзиёев бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад

Shared to Facebook

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев имрӯз, 10 июн, бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Мирзиёевро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт.

Ҷиҳати пешвози сазовори меҳмони олимақом Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо аксҳои сарони ҳарду кишвар, шиорҳо ва парчамҳои давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ороста шуда буд.

Зимни мулоқоти хосае, ки байни сарони давлатҳо дар фурудгоҳ сурат гирифт, изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои сафари расмӣ барои таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ, муносибатҳои дӯстӣ ва робитаҳои шарикии стратегии кишварҳо мусоидат хоҳад кард.

Истиқболи гарму самимии меҳмони олимақом аз фурудгоҳ то Бӯстонсаройи Ҳукумати Тоҷикистон, аз тарафи сокинони пойтахт дар хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе идома ёфт.