Русия дар Тоҷикистон иншооти фарҳангӣ бунёд мекунад

Shared to Facebook

Сафири Россия дар Тоҷикистон аз майдонҳои сохтмонии Театри ба номи В. Маяковский ва марказ барои кӯдакони болаёқат боздид намуд.

11 сентябр Сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон С.В. Григорьев аз майдонҳои сохтмонии Театри давлатии драмавии русии ба номи В.В. Маяковский ва Маркази байналмилалии таълимӣ барои кӯдакони болаёқат  боздид ба амал овард.

Федератсияи Россия ин иншоотро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи созишномаҳои байниҳукуматӣ аз моҳи декабри соли 2023 бунёд менамояд.

Фармоишгари техникӣ ширкати ҳуқуқи оммавии «Фармоишгари ягона дар соҳаи сохтмон» ва пудратчӣ — ширкати «Интерсохтмон» мебошад.