Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 6 январ бо Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом додаанд.
Бино ба хабари Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон, роҳбарони давлатҳо рафти иҷрои тавофуқоти дар доираи дуҷониба ҳосилшударо баррасӣ карда, перомуни масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор намуданд:
“Сарони ду кишвар вазъи кунуниро дар Ҷумҳурии Қазоқистон муҳокима намуда, изҳори умедворӣ карданд, ки оромӣ ва тартибот ҳарчи зудтар барқарор хоҳанд шуд”, — омадааст дар хабар.
Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳо, ки ба таъмини сулҳу амният ва субот дар минтақа равона шудааст, таъкид намудаанд.