15 феврал дар шаҳри Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон анҷом ёфт.
Ҷаласаи мазкур тибқи мувофиқаи тарафҳо рӯзи 10 феврал оғоз шуда буд.
Бино ба хабари ВКХ Тоҷикистон, ҷонибҳо роҷеъ ба гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда табодули афкор намуда, ба мувофиқа расидаанд, ки муҳокимаро дар мулоқоти навбатӣ дар қаламрави Тоҷикистон идома медиҳанд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ гузаштааст.