Дар суҳбати телефонии муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо муовини якуми вазири корҳои хориҷии Покистон Суҳайл Маҳмуд, ки 15 феврал баргузор шуд, ҳамкориҳои дуҷониба ва мавзӯъоти минтақаӣ баррасӣ шудаанд:
“Дар ҷараёни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои ду кишвар ва масъалаҳои умдаи минтақавӣ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ ва фарҳангиву сайёҳӣ байни ду кишварро таъкид карданд”, хабар доданд аз ВКХ Тоҷикистон.
Ҳамчунин, ҳамсуҳбатон роҷеъ ба Иҷлосияи 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ, ки дар таърихи 22-23 марти 2022 дар Исломобод баргузор мегардад, табодули назар карданд.