Таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати корҳои хориҷӣ

Shared to Facebook

6 сентябри соли 2025 ба ифтихори Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати корҳои хориҷӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус маркази матбуоти ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Дар сухани ифтитоҳии худ вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин қайд намуд, ки кишвари мо бо пешбурди ташаббусҳои глобалии Сарвари давлатамон дар масъалаҳои барои ҷомеаи ҷаҳонӣ мубрам – ҳифзи захираҳои оби тоза ва пиряхҳо, дар арсаи байналмилалӣ соҳиби нуфузу эътибор гардида, дар идомаи пешбурди иқдому ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, имсол Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба зеҳни сунъӣ қабул гардид. 

Вазир ҳамчунин зикр намуд, ки Тоҷикистон бо назардошти ташаккули низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ ва таҳдиду чолишҳои замони муосир, самтҳои усулии сиёсати хориҷии худро муайян намуд ва татбиқи муассири он дар ростои сиёсати “дарҳои боз” пайгирона идома меёбад.

Дар чорабинӣ ҳамчунин ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ Азамшо Шарифӣ иштирок ва суханронӣ намуда, оид ба сарфароз гардидани як қатор кормандони соҳаи сиёсати хориҷиро бо мукофотҳои олии давлатӣ ва рутбаҳои дипломатӣ тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард.

Дар фарҷом маросими савгандёдкунии кормандоне, ки бори нахуст ба хизмати давлатӣ қабул шуданд, баргузор гардид.