Китоби нав ба нашр расид.
Рӯзи 6-уми сентябри соли 2025 монографияи нави номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, коршиноси пешбари тоҷик дар масъалаҳои амният Саймуддин Мирзоев ба нашр расид.
Китоби мазкур ба масъалаҳои таҳкими амнияти миллӣ, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ, инчунин таҳдид ва чолишҳо аз самти Афғонистон бахшида шудааст.
Мушкилоти мубориза бо парвариш ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар шароити муосир яке аз масъалаҳои муҳим ва мубрам на танҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа, балки барои тамоми ҷаҳон боқӣ мемонад.
Муаллифи китоб зикр менамояд, ки қочоқбарони маводи мухаддир, одатан ба ҷавонон зарбаи шадид ва ҷуброннопазир мерасонанд.
Агар дар ҷомеа таваҷҷуҳ ва майлу рағбати ҷавонон ба маводи мухаддир афзоиш ёбад, сифатҳои ҷисмонӣ, равонӣ ва ахлоқии ҷомеа коҳиш меёбад ва қобилияти барқарорсозии он коста мегардад.
Бо такя ба таҷрибаи амалӣ ва таҳқиқоти илмӣ-назариявӣ оид ба ин мавзӯъ, муаллиф тавонистааст унсур ва категорияҳои комилан наверо дар сохтори қочоқчиёни маводи мухаддир ҷудо намояд, яъне «санҷишгарон» (пробщики) ва сифати маводи мухаддир дар ин замина.
Қобили зикр аст, ки дар сохтори истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир — яъне миёни истеҳсолкунандагон ва фурӯшандагон — як унсури муҳими дигар то ҳол аз мадди назар дур мондааст. Ин «санҷишгарон»-и сифати маводи мухаддиранд, ки бидуни онҳо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир номумкин аст, вале ин гурӯҳ то ҳол аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озоданд.
Муаллиф дар китоби худ нақши ин гурӯҳро дар сохтори гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамаҷониба нишон медиҳад.
Дар анҷоми монография муаллиф ҳамчунин як қатор пешниҳодҳоро ҷиҳати тақвияти мубориза бо истеҳсол ва гардиши маводи мухаддир манзур менамояд.