Дар мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир зимни мулоқот ва намояндаи Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Шенни Кэмпбелл масъалаҳои дорои аҳамияти стратегӣ барои рушди иқтисоди ҷумҳурӣ баррасӣ шудааст.
Ба иттилоъи маркази матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Шералӣ Кабир гуфтааст, Тоҷикистон барои рушди саноат ва фанновариҳои нав дар бахшҳое, ба монанди пахтакорӣ, истихроҷи маъдан, саноати хӯрокворӣ ва сабук зарфияти кофӣ дорад. Ӯ суръати афзоиши саноати кишварро зикр намуда, изҳор гуфтааст, метавон тасдиқ кард, ки ҳамаи нақшаҳо комилан иҷрошавандаанд.
Вазир таъкид намудааст, ки муҳимтарин захираи Тоҷикистон мардуми он аст:
“Шералӣ Кабир бо истинод ба маълумоти оморӣ ба меҳмон иттилоъ дод, ки қариб 70{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82}-и аҳолии кишварро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд. Бо дарназардошти ин, пешниҳод шудааст, ки барои таҳияи фанҳои мубрам, аз қабили “Технологияҳои иттилоотӣ” ва “Зеҳни сунъӣ” бо истифода аз усулҳои муосири таълим ва таҷҳизоти технологӣ курсҳои омодагӣ ташкил карда шаванд”, — хабар дод манбаъ.
Дар заминаи пешниҳоди худ вазир аз сафари корияш ба Туркия мисол оварда, зикр намудааст, ки дар мактабҳои махсус бо истифода аз технологияҳои нав дар муддати кӯтоҳ ихтисосҳои гуногуни сохтмонӣ, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалиянд, таълим дода мешаванд. Таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя дар бунёди марказ ва паркҳои технологӣ низ баррасӣ гардидааст.
Гуфта шудааст, солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” эълон гардида, роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор шудаанд, ки иҷрои муҳимтарин вазифаҳои стратегиро таъмин намоянд.
Қарор қабул шудааст, ки бо мақсади омода намудани харитаи роҳ барои татбиқи лоиҳаҳои ояндадор ва судманд гурӯҳи кории муштараки Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар Тоҷикистон ва намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар ҷумҳурӣ таъсис дода шавад.
Зимнан, ҳафтаи гузашта намояндаи доимии Бонки Рушди Осиё Шенни Кэмпбелл дар нишасте дар Душанбе аз ҷудо кардани $193 миллион ба Тоҷикистон дар соли 2022 хабар дод, ки барои рушди бахшҳои энергетика, бунёди муассисаҳои зерсохторӣ дар шаҳри Душанбе, ҳамлу нақл, ҳимоят аз тарҳҳои иҷтимоӣ ва муқобила бо ҳаводиси табиӣ равона мешавад.
“Тибқи барномаи Бонки Осиёии Рушд дар солҳои 2022 то 2024 мизони кумаки молии ройгони ин ниҳод ба Тоҷикистон ба 465 миллион доллар хоҳад расид”, — гуфт вай.
Ёдрас мекунем, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд соли 1998 оғоз гардида, Шенни Кэмпбелл моҳи феврали соли гузашта намояндаи доимии ин бонк дар Тоҷикистон таъин гардид.