Дар мулоқоти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Котиби давлатии ИМА дар қолаби С5+1 масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои шарикӣ, амнияти минтақаӣ ва вазъ дар Украина баррасӣ шудааст.
Ин мулоқот рӯзи 28 феврал дар шакли маҷозӣ баргузор гардида, дар он Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намудааст.
“Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои шарикӣ дар қолаби мазкур баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ба мавзӯи амнияти минтақавӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд”, — хабар дод ВКХ Тоҷикистон.
Бино ба гузориши Департаменти давлатии Амрико, котиби давлатии ин кишвар пуштибонии Иёлоти Муттаҳидаро аз истиқлол ва тамомияти арзии давлатҳои минтақа баён доштааст.
Худи Блинкен дар “Twitter” навишт, ки дар ин мулоқоти маҷозӣ вазъ дар Украина низ баррасӣ шуд. Ба гуфтаи ӯ, вохӯрӣ “бо мақсади мавриди баррасӣ қарор додани ҳамлаи Русия ба Украина” доир гардид.
“Мо арзиши шарикии худро дар тӯли 30 соли муносибатҳои дуҷониба ва дастгирии соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии ин кишварҳо таъкид кардем”, — навишт котиби давлатии ИМА.