Аз 17 то 22 марти имсол, ба ифтихори Иди Наврӯз дар шаҳри Душанбе Чемпионати Осиё оид ба кураш ва 3-юм мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштингирӣ барои дарёфти “Ҷоми пойтахт” баргузор мешавад. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод:
“Чемпионати Осиё оид ба кураш дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ ва мусобиқаи байналмилалии гуштингирӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт баргузор мешаванд”, — хабар дод манбаъ.
Бино ба ин хабар, 3-юм мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштингирӣ аз рӯи 5 вазн миёни мардҳо: -60кг, -70кг, -80кг, -90кг, +90кг ва 3 вазн миёни бонувон: -52кг, -70кг, -87кг доир мегардад:
“Ғолибон миёни мардҳо бо шоҳҷоиза – автомобил қадрдонӣ мешаванд”.
Ҷоизадорон миёни мардҳо ва ғолибону ҷоизадорон миёни бонувон бо ҷоизапулӣ сарфароз хоҳанд шуд. Миёни мардҳо барандагони медали нуқра 38646 сомонӣ, барандагони медали биринҷӣ 12882 сомонӣ, миёни бонувон барандагони медали тилло 38646 сомонӣ, барандагони медали нуқра 25764 сомонӣ ва барандагони медали биринҷӣ 12882 сомонӣ дарёфт мекунанд.