Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ рӯзи 6 апрел Сафири Фавқулода ва Мухтори Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихан Турехановро ба ҳузур пазируфтааст.
Баъд аз маросими супоридани нусхаи эътимоднома аз ҷониби Сафири Қазоқистон ба Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқоти дуҷониба баргузор гардидааст:
“Ҳамсуҳбатон масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистонро баррасӣ намуда, перомуни чорабиниҳои муштараки дарпешистода ба муносибати 30-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ табодули афкор намуданд”, — хабар доданд аз ВКХ Тоҷикистон.
Содиқ Имомӣ ба Валихан Туреханов дар амалисозии фаъолияти худ ба мақсади рушди минбаъдаи муносибатҳои шарокати стратегии Тоҷикистону Қазоқистон муваффақият орзу намудааст.
Валихан Туреханов миёнаҳои моҳи март бо фармони президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев сафири нави он кишвар дар Тоҷикистон таъин гардид. Вай дар ин вазифа Аскар Тоҷибоевро иваз кард, ки аз соли 2019 сафири Қазоқистон дар Душанбе буд. То замони таъин шуданаш Туреханов роҳбарии Департаменти кишварҳои Осиёи Марказиро ба уҳда доштааст.