Дар шаҳри Хоруғ Мусобиқаи кушоди ҷудо барои дарёфти «Ҷоми Раиси вилоят» баргузор гардид, ки сарпарасти кулли он ширкати Tcell буд.
Қасри варзиши Хоруғ ҷавонон ва духтарони солҳои таваллуди 2004–2008-ро аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ҷамъ овард.
Мусобиқа дар 14 вазн баргузор шуда, қавитарин ҷудочиёни ҷавони кишварро муайян намуд.
Барои Tcell варзиш фақат як бозӣ нест — ин роҳи дастгирии саломатӣ, руҳияи қавӣ ва заҳмату талошҳои ҷавонон ба сӯи комёбӣ аст. Чунин чорабиниҳо кӯмак мекунанд, ки истеъдоди варзишии ВМКБ рушд ёбад ва ҷавонони болаёқат аз тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон муттаҳид гарданд.
Tcell: Мо ифтихор дорем, ки саҳми худро дар рушди варзиш ва ояндаи ҷавонони Тоҷикистон гузоштем!
https://www.facebook.com/tcell.tj