Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи 21 июл ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Қирғизистон сафар карданд.
Дар ин сафар Президентро вазирони корҳои хориҷӣ, нақлиёт ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Чолпон-Атаи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон баргузор мешавад.
Дар назар аст, ки президентҳо дар бораи таҳкими ҳамкорӣ, вокуниши муштарак ба чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти минтақа суҳбат кунанд, дурнамои густариши ҳамкорӣ ба хотири таъмини рушди устувори иқтисодиро баррасӣ ва самтҳои ояндаи ҳамкориҳоро муайян кунанд.