Ҳамлаи аҳдшиканонаи Қирғизистон ба Тоҷикистон. маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон хабар медиҳад

Shared to Facebook

Неруҳои мусаллаҳ ва марзбонии Қирғизистон субҳи барвақти 16 сентябр аҳдшиканона ба қаламрави Тоҷикистон ҳамла карда, аз тамоми анвоъи силоҳ ва техникаи низомӣ деҳаҳои наздимарзии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро тирборон карданд. Дар ин бора маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод:

“16 сентябри соли 2022, тахминан соати 04:50-и субҳ, сарҳадбонони дидбонгоҳи сарҳадии “Коктош”-и отряди сарҳадии Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон аҳдшиканона бо истифода аз силоҳҳои вазнин дидбонгоҳи сарҳадии “Душанбе”-и отряди сарҳадии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистонро гулӯлаборон карданд. Ҳамзамон, хизматчиёни низомии Қирғизистон бо истифода аз силоҳҳои вазнин деҳаҳои аҳолинишини Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кулканди шаҳри Исфара, Хистеварз ва Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор доданд”, — омадааст дар иттилоияи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, новобаста аз он ки соати 06:30-дақиқаи субҳ ҷонибҳо оид ба эълони оташбас ба мувофиқа расида буданд, хизматчиёни низомии Қирғизистон онро риоя накарда, аз тамоми намуди силоҳҳои ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ ба самти Тоҷикистон тирпаррониро идома дода истодаанд.

Ёдрас мекунем, ин аҳдшикании қирғиз дар ҳолест, ки ҳамагӣ ду рӯз қабл ҷонибҳо барои хатми низоъ ва берун кашидани неруҳо аз минтақаҳои марзӣ тавофуқ карда буданд.