Ҳангома аз Тоҷикистон: Спитамен Бонк аввалин шуда ба саҳнаи асосии молиявии ҷаҳон — Sibos 2025 ворид мегардад!
Мо бо ифтихор эълон менамоем, ки Спитамен Бонк аввалин бонки Тоҷикистон аст, ки дар бузургтарин ва муҳимтарин намоишгоҳи ҷаҳонӣ дар соҳаи молия ва инноватсия — Sibos 2025, ки аз 29 сентябр то 2 октябр дар Франкфурт баргузор мешавад, ширкат мекунад.
Sibos — ин як платформаи байналмилалӣ мебошад, ки намояндагони пешсафи соҳаи бонкӣ, ширкатҳои финтех, мақомоти танзимгар ва коршиносонро муттаҳид мекунад. Дар ин ҷо равандҳои калидӣ ва навовариҳое, ки ояндаи соҳаи молияро муайян месозанд, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Барои Спитамен Бонк ширкат дар ин чорабинӣ як қадами муҳим дар самти рушд ва ҳамгироӣ ба экосистемаи ҷаҳонии молиявӣ мебошад. Мо таҷрибаҳои беҳтарин, ҳалли инноватсионӣ ва имкониятҳои ҳамкориро пешкаш хоҳем кард, ки ба беҳтар шудани сифати хизматрасониҳои молиявӣ дар Тоҷикистон ва минтақа мусоидат мекунанд.
Мо ҳамаро ба тамошои гӯшаи худ B055 даъват менамоем — биёед чолишҳо ва дурнамои нави иқтисоди ҷаҳониро якҷоя баррасӣ намоем ва инчунин барои ояндаи муваффақ робитаҳои мустаҳками тиҷоратӣ бунёд кунем.
➡Спитамен Бонк
Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Спитамен Бонк» фаъолияти худро соли 2008 ҳамчун ташкилоти микрокредитии амонатӣ (ТМА) оғоз намуд. Дар муддати кӯтоҳ ташкилот бо шарофати кори дастаҷамъонаи самаранок ва рушди устувор, ба сифати шарики боэътимоди молиявӣ шинохта шуд. Соли 2014, «Спитамен Капитал» аз ҷониби БМТ иҷозатномаи фаъолияти бонкӣ ба даст овард.
Имрӯз Бонк дорои филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар тамоми гӯшаву канори кишвар мебошад.
📞 +992 44 640 6565 —аз тамоми гӯшаи ҷаҳон занг занед
📱 6565 — Ройгон аз ҳамаи телефонҳои мобилии ҶТ