Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ

Shared to Facebook

Дар ҳошияи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ дар минтақаи Авазаи шаҳри Туркменбошии Туркманистон мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Тавре хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон president.tj иттилоъ додааст,
дар мулоқот, ки бо иштироки Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон ва сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Сарвазири Қирғизистон баргузор гардид, як зумра масоили вобаста ба омодагӣ ба мулоқоти ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки тирамоҳи имсол баргузор хоҳад гашт, баррасӣ шуд.

Дар охири нишаст Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо Фармони Президенти Туркменистон бо ордени “Барои саҳмгузорӣ дар рушди ҳамкорӣ” сарфароз гардонда шуд.