«Истиқлол» муҳофизи албаниро ба ҳайати худ ҷалб кард 

Shared to Facebook

Муҳофизатгари албанӣ Рудолф Туркай ба мақсади қавӣ гардонидани хати муҳофиза ба ҳайати “Истиқлол” шомил шуд. Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳи “Истиқлол” хабар додааст.

 Рудолф Туркай, ки дар мавқеи муҳофизатгари марказӣ бозӣ мекунад, дорои таҷрибаи хуби ҳирфаӣ дар чанд кишвар мебошад. Ӯ дар дастаҳои лигаҳои Фаронса, Албания ва Косово бозӣ кардааст ва маҳорати футболбозии худро дар сатҳҳои гуногун сайқал додааст. Шартномаи байни Туркай ва бошгоҳи “Истиқлол” то анҷоми соли 2025 баста шудааст, ки метавонад дар ҳолати иҷрои муваффақонаи вазифаҳо, бо пешниҳоди ҷонибҳо тамдид гардад.

Ёдовар мешавем, ки “Истиқлол” дар равзанаи трансферӣ ғайр аз Рудолф Туркай боз бо ниммуҳофизатгари тоҷик Эҳсони Панҷшанбе, ниммуҳофизатгари эронӣ Сиёваш Ҳакназарӣ , дифоъгари рус Кирилл Суслов шартномаи ҳамкорӣ имзо карда буд. Дар назар аст, ки Шон Пол Камолафе — беҳтарин нишонзани Чемпионати Тоҷикистон дар нимаи аввали мавсим аз “Хуҷанд” ба “Истиқлол” гузариш кунад.