Футбол: Курсҳои омӯзишӣ

Shared to Facebook

Дар меҳмонхонаи «Таҷ Палас»-и Душанбе марҳилаи якуми курсҳои омӯзишӣ оид ба барномаи литсензияи «B» ҷараён дорад, ки то 29 июл идома мекунад. Дар ин бора Варзиш.тв хабар додааст.

Дастурдиҳандаи асосии курсҳо инструктори КФО Боир Игамбердиев ва ёварони ӯ дастурдиҳандаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров ва Асрор Шораҷабов мебошанд.

Курсҳо бо риояи пурраи барномаи таълимии КФО доир гардида, иштирокчиён дар баробари машғулиятҳои назариявӣ, машқҳои амалӣ ва омӯзиши тактикӣ низ баргузор мекунанд. Дар ҷараёни омӯзиш мураббиён дар бораи таҳлили бозӣ, банақшагирии машқҳо, равиши муосири мураббигӣ ва усулҳои идоракунии даста дар шароити гуногун маълумоти муфассал мегиранд.

Иштирокчиён баъд аз анҷоми муваффақонаи ҳар ду марҳила соҳиби литсензияи мураббигии “B” аз ҷониби AFC мегарданд, ки онҳоро ҳуқуқи кор бо дастаҳои лигаи олӣ, аввал ва гурӯҳҳои синнусолии гуногун медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи барнома, курсҳои мазкур аз ду марҳила бо танаффус барои кори амалӣ дар дастаҳо иборатанд. Марҳилаи дуюм аз 18 то 27 август дар Душанбе доир мегардад.