Ҳайати Экспедитсияи байналмилалии «Саёҳат ба қалби Авруосиё» ба пойтахти Тоҷикистон омад

Shared to Facebook

Ҳайати Экспедитсияи байналмилалии «Саёҳат ба қалби Авруосиё» ба шаҳри Душанбе расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар додааст.

Экспедитсияи байналмилалии «Саёҳат ба қалби Авруосиё» давоми 45 рӯз беш аз 8000 километр роҳҳо тай намуда,  аз шаҳрҳои бузурги Федератсияи Русия — Москва, Владимир, Арзамас, Чебоксарӣ, Қазон, Набережни Челнӣ, Уфа, Оренбург, Ҷумҳурии Қазоқистон — Актобе, Аралск, Байконур, Қизилорда, Туркистон, Шимкент, Тараз, Алмато, Ҷумҳурии Қирғизистон — Қарокӯл, Бишкек, Ҷалолобод, Ӯш, Ҷумҳурии Узбекистон — Намангон, Тошканд, Самарқанд, Бухоро ва Ҷумҳурии Тоҷикистон — Исфара, Хуҷанд, Истаравшан, Шаҳристон ва Панҷакент гузашта, ниҳоят ба Душанбе расид.

Дар экспедитсия намояндагони вазорату кумитаҳо, воситаҳои ахбори омма, блогерон ва донишҷӯён аз 5 давлати Авруосиё, дар умум 100 нафар иштирок доранд. Дар ҷараёни он беш аз 150 ҷаласаю форумҳои илмию иқтисодӣ, фарҳангию омӯзишӣ ва дигар чорабиниҳои канории сайёҳӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Дар доираи ин барнома ҳайати экспедитсия то 26 июл бо 11 шаҳру ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Шаҳристон, Панҷакент, Душанбе, Данғара, Кӯлоб, Бохтар, Норак ва Панҷ шинос мешавад.