Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд

Shared to Facebook

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ва суҳбат бо аҳли заҳмат бо сафари корӣ ба ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварданд. Дар ин бора president.tj хабар додааст.

Сафари кории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтитоҳи бинои Раёсати молияи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оғоз ёфт. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои Раёсати молия дар ноҳия илова ба нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ бо маблағгузории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд гардид. Масоҳати умумии бино 749 метри мураббаъро ташкил дода, он аз 3 ошёна ва 12 ҳуҷраи корӣ, толори калон ва хурди маҷлис иборат мебошад. Дар иншооти нав барои фаъолияти босамари 30 корманди соҳаи молияи ноҳия шароити корӣ муҳайё гардидааст.  

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи ба номи Исмоили Сомонии шаҳраки Москва Муассисаи томактабӣ,  даромадгоҳи деҳоти Панҷоб ва роҳи мумфаршгардида, дар деҳаи Сайроби деҳоти Панҷоби ноҳия корхонаи истеҳсоли асфалту бетонро мавриди истифода қарор доданд.

Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварда, бо истифодаи мақсадноки замин дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ АГРО” шинос шуданд.