Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо як зумра олимони хориҷӣ, ки бо мақсади гузаронидани корҳои таҳқиқотӣ дар пиряхи Ванҷях ба Тоҷикистон омадаанд, вохӯрӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки дар доираи лоиҳаи байналмилалии RECAP корҳои саҳроӣ барои соли 2025 дар назар дошта шуда, соли 2024 дар пиряхи Ванҷях ду истгоҳи автоматии метеорологӣ насб карда шуд. Соли 2025 ба нақша гирифта шудааст, ки насби таҷҳизоти иловагӣ ба анҷом расонида, низоми мукаммали мониторинги параметрҳои метеорологӣ ва глятсиологӣ дар бузургтарин пиряхи Тоҷикистон – Ванҷях ба роҳ монда шавад.
Ҷонибҳо масъалаҳои муҳлати корҳои саҳроӣ, шароити душвори кӯҳӣ ва интиқоли таҷҳизотро баррасӣ карданд. Айни ҳол, қисми зиёди таҷҳизот дар минтақа ҷойгир буда, истгоҳҳои фаъол ва захиравӣ дар назди кӯли Танимас нигоҳ дошта мешаванд.