Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд

Shared to Facebook

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 14-15 июли 2025 дар шаҳри Тянҷини Чин дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ иштирок намуд.

Тавре сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии давлатҳои аъзо омодагиҳо ба ҷаласаи ояндаи сарони давлатҳоро баррасӣ карда, масъалаҳои амният, рушди иқтисодӣ ва ҳамкории минтақавиро муҳокима карданд. Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла таъмини субот ва такмили фаъолияти Созмон, баён намуд.

Дар анҷоми ҷаласа лоиҳаи Эъломияи Тянҷин ва Стратегияи рушди СҲШ то соли 2035 қабул гардиданд. Ҳамчунин,  роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии кишварҳои аъзои созмонро Раиси Чин Си Ҷинпин ба ҳузур пазируфтанд.

Муфассал дар: https://mfa.tj/