Изҳори тасаллият дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон

Shared to Facebook

30 апрели соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, дар китоби тасаллият, ки бинобар талафоти ҷонӣ бар асари инфиҷори шадид дар Бандари Шаҳид Раҷоӣ дар шаҳри Бандар Аббос кушода шудааст, изҳори ҳамдардӣ намуд, омадааст дар ахбори вазорат.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба наздикону пайвандони фавтидагон тазия баён карда, ба осебдидагон шифои оҷилу комил таманно намуд.