13 март маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи биноҳои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.
Мошини Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро савораҳо бо аспҳои ба таври хоси миллӣ ороёфта ҳамроҳӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват кард.
Маросими истиқболи расмӣ бо саф кашидани ҷузъу томҳои горди фахрӣ ва оркестри низомии асбобҳои нафасӣ, гузориши фармондеҳи горд, садо додани сурудҳои миллии ҳар ду кишвар ва шиносоӣ бо аъзои ҳайатҳои расмӣ, ҷараён гирифт.
13 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон, бо Торагаи (Раиси) Жогорку Кенеши (Парлумони) ин кишвар Нурланбек Шакиев мулоқот намуданд.
Сарвари давлати мо нақши мақомоти қонунгузорро дар рушди ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ таъкид намуданд.
Таъкид гардид, ки дипломатияи парлумонӣ метавонад ба рушди минбаъдаи ҳамаи муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон такони иловагӣ бахшад.
Бо қаноатмандӣ ҳамкории созандаи ду кишвар дар доираи гуруҳҳои дӯстии парлумонӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавии парлумонӣ қайд карда шуд.
Бо даъвати Садир Жапаров Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маросими истиқбол дар Боғи миллии «Ала Арча» дидан карданд. Видео: «АКИpress»: