Ҳамла ба сайёҳони велосипедсавор ҷинояти наҳзатиҳо буд

Shared to Facebook

Саркарда ва масъулини ташкилоти террористии наҳзатӣ баъди тамоми шикастҳою шармандагиҳо ва аз ҷавобгарӣ дар назди қонун гурехтанҳою дар хориҷи кикшвар панаҳ бурданашон ҳам аз раҳи душманию терроризм даст барнадоштанд. Бо вуҷуди заифу нотавон гардидан онҳо бо роҳи гумраҳ кардани як туда ҷавонони бесаводу ноогоҳ тавассути онҳо дар соли 2018 амали террористии мудҳиш содир намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 29 июли соли 2018 дар ҳудуди ноҳияи Данғара ҳамлаи террористӣ алайҳи сайёҳони хориҷии велосипедсавор ба вуқуъ пайваста буд, ки аз тарафи гурӯҳи қотилони наҳзатӣ анҷом дода шуда буд. Он рӯзи шум гурӯҳи ҳафтнафарии сайёҳони хориҷӣ, ки савори велосипед аз ҳудуди ҷамоати Себистони Данғара мегузаштанд, аз тарафи террористони мазкур аввал бо мошини сабукрав пахш гардиданд. Баъд он қотилон бо корду табарҳо ба сайёҳон ҳамла карданд. Дар натиҷаи ин амали террористӣ чор нафар шаҳрванди хориҷӣ ҷони худро аз даст дода, се нафарашон сахт захмӣ шуданд. Аз миёни кушташудаҳо ду нафар амрикоӣ (Остин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз), як нафар ҳолландӣ (Воке Рене Виллемм) ва як шаҳрванди Швейтсария (Хамел Маркус) буда, шаҳрвандони Фаронса ва Швейтсария (бо шумули Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис) осеб диданд.

Он замон албатта кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба таври фаврӣ амал карда ҷинояткоронро дастгир карданд. Баъди таҳқиқу тафтиши ҳамлаи террористӣ роҳбари гуруҳи мазкур — шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон Ҳусейн Абдусамадов (Нахӯдов) дар додгоҳ иқрор кард, ки барои иҷрои ин амал ҷавонони тоҷикро ҷалб кардааст. Вай инчунин иқрор гардидааст, ки қасдан пеш аз содир кардани ин амали мудҳиш ҳамроҳи аъзоёни дигари ин гуруҳ дар зери парчами ташкилоти террористии ДИИШ акс гирифтаанд, то ҳама гумон кунанд, ки ин ҷиноятро созмони мазкур анҷом дода бошад. Дар асл, ин амали террористӣ бо супориши саркардагони наҳзат тарҳрезӣ ва анҷом дода шудааст.

Ҳамаи иштирокдорони ин ҷинояти мудҳиш ва террори хунхорона тибқи қонун муҷозот шудаанд. Раҳбар ва гунаҳкори асосии ҳамлаи террористӣ ба муқобили сайёҳони хориҷӣ — Ҳусейн Абдусамадов (Нахӯдов) 21 ноябри соли 2018 бо ҳукми Додгоҳи Олии Тоҷикистон, тибқи нуҳ моддаи Кодекси ҷиноӣ (аз ҷумла ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, терроризм, ифротгароӣ, одамкушӣ, ҷалби шаҳрвандон ба амалиёти мусаллаҳонаи дигар давлатҳо) муттаҳам эътироф шуда, ба ҳабси абад маҳкум гардида буд. Аммо баъдтар бар асари беморӣ дар зиндон аз олам даргузашт.

Бояд таъкид кард, ки новобаста ба дасту пойзаниҳои наҳзатиҳо, ки худро бегуноҳ ҷилва доданӣ мешуданд, маҳз аз тарафи онҳо содир гардидани ҷинояти мазкур исбот шудааст. Ба ҷараёни тафтишот, мутахассисони бахши тафтишии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Бюрои федеролии тафтишоти ИМА ҳам ҷалб гардида буд. Ҳатто журналистони амрикоӣ бо иҷрокунандаи асосии террори мазкур сӯҳбат анҷом дода, муҳтавои онро нашр карда буданд. Онҳо ба хулосае омада буданд, ки Ҳ. Абдусамадови наҳзатӣ як ифротӣ ва террористи воқеӣ буда, ҳар лаҳзае, ки озод шавад, омода аст чунин як ҳамларо боз такрор кунад (таваҷҷуҳ шавад ба матлаби Радиои Озодӣ (www.ozodi.org) аз 29 июли соли 2019 таҳти унвони “Солгарди воқеае, ки номи Тоҷикистонро дар сархати расонаҳои ҷаҳон гузошт”).

Вобаста ба ин ҷинояти хунин 14 нафари дигар низ ҷазо гирифтаанд: ду тан аз муттаҳамон (Кароматулло Ғаниев ва Беҳрӯз Сафоев) ба 16-соли зиндон ва 12 муттаҳами дигар ба муҳлати аз як то якунимсолӣ аз озодӣ маҳрум гардиданд. Аз миёни панҷ ҳамлавари асосӣ танҳо Абдусамадов зинда боздошт шуда, чаҳор узви дигари гурӯҳ дар ҷараёни амалиёти неруҳои интизомӣ муқовимати мусаллаҳона нишон дода, безарар гардиданд. Дар рафти тафтишот маълум гардид, ки ҳамлаи террористии мазкур алайҳи сайёҳони хориҷӣ маҳз кори дасти наҳзатиён мебошад.

Ҷиҳати тафтиши қазияи ҳамлаи террористӣ алайҳи сайёҳони хориҷӣ масъулини ниҳодҳои тафтишӣ-ҷустуҷўйии кишварҳои аврупоӣ, минҷумла амрикоӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд ва чуноне ки дар гузориши расонаҳо тазаккур ёфтааст, мақомоти зидахли давлатӣ тамоми мадорики заруриро дар иртибот ба қазия дар ихтиёри бозрасони хориҷӣ қарор доданд.

Бо вуҷуди кушишҳои террористони наҳзатӣ, ки мехостанд мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ поин баранду туристони хориҷиро тарс диҳанд, онҳо муваффақ нагардиданд. Тоҷикистон имрӯз нисбат ба пештара бештар барои сайёҳони хориҷӣ ҷолибтар гардида, шумораи туристон кам нагардидааст. Баръакс баъди ин ҷиноят чеҳраи хашини наҳзатӣ комилан ошкор гардид ва террорист буданашон дар тамоми ҷаҳон исбот шуд.

С. ЗИЁЕВ

номзади илмҳои филологӣ