Сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Чин — оғози ҳамкориҳои сифатан нави ду давлат

Shared to Facebook

Бо сафари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Халқии Чин дар таърихи муносибатҳои ду кишвари дӯст марҳилаи нави ҳамкориҳои манфиатовари тарафайн оғоз мегардад.

Тоҷикистон имрӯз сиёсати хориҷии худро дар асоси меъёрҳои “дарҳои боз” амалӣ карда истодааст, ки он дар 32-соли сипаригашта натиҷаҳои пурсамар барои кишвари мо ба бор овард. Ҷумҳурии Халқии Чин дар радифи аввалин давлатҳои ҷаҳон истиқлоли Тоҷикистонро эътироф намуд ва бо кишвари мо муносибатҳои судманди иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва сиёсиро ба роҳ монд. Ин кишвари ба мо ҳамҷавор имрӯз яке аз давлатҳои қудратманди ҷаҳон маҳсуб ёфта, дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ мақоми пешсафро ноил гаштааст. Дастовардҳо ва таҷрибаи мардуми Чин дар рушди иқтисоди инноватсионӣ ва технологияҳои рақамӣ, саҳмгузорӣ дар ҳалли бӯҳронҳои байналмилалӣ ва ташаббусҳои сулҳофари онҳо маҳз барои ҳамин таҳти омӯзиши ҷаҳониён қарор дорад.

Аз ин ҷост, ки таваҷҷӯҳи сиёсатмадори тоҷик Рустами Эмомалӣ, ки дар мудирияти ду ниҳоди давлатӣ дар Тоҷикистон ба дӯши худ дорад, ба омӯзиши таҷрибаҳои нодири Ҷумҳурии Халқии Чин дар соҳаи эъмори иқтисоди инноватсионӣ ва инкишофи технологияҳои рақамӣ ва татбиқи ин таҷриба дар кишвари мо равона шудааст. Мо шоҳиди он ҳастем, ки Чин дар инкишфои инфрасохтории Тоҷикистон ва маблағгузорӣ ба соҳаи саноати тоҷик, ба тараққиёти кишвари мо саҳми худро гузошта шудааст.

Таваҷҷӯҳи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз ба рушди “иқтисоди сабз” дар Ватан, ташкил намудани шароити мусоид барои инвеститсияҳои хориҷӣ, бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба кор даровардани корхонаҳои муштараки саноатӣ, тавсеи ҳамкориҳои судманди иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ бо кулли кишварҳои нигаронида шудааст. Дар давоми солҳои гузшта дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ чандин корхонаи истеҳсоли муштараки тоҷику хориҷӣ, аз он ҷумла бо соҳибкорони чинӣ ба фаъолият шурӯъ намудааст. Аз ин рӯ яке ҳадафҳои сафари ӯ ба Чин ба сатҳи нав баровардани ҳамкории сохторҳои соҳибкориву тиҷоратӣ ва молиявию иқтисодии Тоҷикистон ва Чин низ мебошад.

Бояд таъкид намуд, ки Рустами Эмомалӣ аз оғози фаъолияти сиёсии худ ҷонибдори тавсеи муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Чин ва ба сатҳи сифатан нав бардоштани ин робитаҳо аст. Тоҷикистон ва сиёсатмадорони он мутмаин мебошанд, ки Ҷумҳурии Халқии Чин бо стратегияи нави худ нисбати кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки он дар рафти ҷаласаи “Чин ва Осиёи Марказӣ” 18-19 майи 2023 дар Сиани Чин муаррифӣ гашт, кафили амнияти иқтисодии кишварҳои минтақаи мо мебошанд.

Яке аз ҳадафҳои сафари муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Чин инчунин гузаронидани машваратҳо ва табодули назар бо роҳбарияти олии Ҷумҳурии Халқии Чин дар масоили ташаккули механизмҳои нави ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин аз руи натиҷаҳои ҷаласаи “Чин ва Осиёи Марказӣ” мебошад. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи сафари расмиашон ба Чин ба масъалаи таҳияи стратегияи муколамаи нави иқтисодӣ диққат хоҳанд дод, ки он ба андешидани чораҳои ҳадафманд ҷиҳати таъмини савдои бемамоният ва зиёд намудани ҳаҷми интиқоли маҳсулоти тайёр аз кишвари мо ба Чин, ташаккули фазои умумӣ барои ҳамкориҳои саноатӣ бо ҷалби сармояи чинӣ ва фанновариҳои чинӣ нигаронида шудааст.

Рустами Эмомалӣ ҳамчун давомдиҳандаи сиёсати хориҷии муваффақи Тоҷикистон, ки асосгузори он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ба ҳайси Раисии Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кушиш мекунад, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин мудаввом таҳким ёфта, ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо ин кишвари дӯст дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ тавсеа ёбанд.

Дар ин сафари расмӣ ва нишастҳои минбаъдаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо доираи васеъи сиёсатмадорон ва соҳибкорони Чин роҳҳои таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ ва соҳаҳои башардӯстона ҳатман баррасӣ хоҳанд гардид. Чин дар доираи стратегияи нави худ аллакай эълом доштааст, ки омода аст тавсеи ин ҳамкориро дар шаклҳои гуногун маблағгузорӣ кунад. Тоҷикистон, ҳамчун шарики боэътимоди Чин имрӯз ва дар оянда низ омода аст дар амалисозии лоиҳаи чинӣ “Як каманбанд, як роҳ”, ки хусусияти фаромиллӣ дорад ва дигар лоиҳаҳо ҳаматарафа ба ин кишвар мусоидат намояд.

Яке аз хатарҳои бузург ба амнияти минтақаи мо терроризми байналмилалӣ ва экстремизми динӣ-сиёсӣ, ҷудоихоҳӣ мебошад. Бо камоли қаноатмандӣ таъкид кардан ҷоиз аст, ки Тоҷикистону Чин дар доираи ҳамкориҳо дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ дар масъалаи мубориза ба зуҳуроти манфии даврони мо мавқеъи муштарак доранд. Тоҷикистон имрӯз дилхоҳ ташаббусҳои байналмилалии Чинро, ки ба масъалаи таъмини амнияти байналмилалӣ , бартараф намудани оқибатҳои манфии бӯҳрони иқтисодии ҷаҳон ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ равона шудааст, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Бешубҳа Рустами Эмомалӣ ҳамчун сиёсатмадори таҷрибадор ба мавзӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар масъалаи бартараф намудани таъсири манфии бӯҳрони низоми муносибатҳои байналмилалиро ба минтақаи мо баррасӣ хоҳад кард. Роҳбарияти олии Тоҷикистон мутмаин аст, ки Осиёи Миёна ва умуман Авруосиё бояд минтақаи амн ва сулҳу субот боқӣ монад ва давлатҳои ин макон масъули таъмини он мебошанд. Тоҷикистону Чин дорои зарфияти бузург баҳри таъмини амният, ташкили шароит барои ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати байналмилалӣ дар минтақаи мо мебошанд. Ба ҳамин хотир сафари муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ин кишвар бояд ба рушди ҳамкориҳои судманд баҳри таъмини амният ва муборизаи муштарак ба ҳар гуна таҳдидҳо ва чолиш дар минтақаи мо вусъат хоҳад бахшид.

Дар фарҷоми сухан ҳаминро бояд таъкид намуд, ки сиёсати хориҷи дилхоҳ кишвар аз рӯи чунин арзишҳо ба мисоли анаъана доштан, пайдарпай будан, мавҷудияти ҳусни ҳамҷаворӣ ва ниятҳои сулҳпарварона амалӣ гардонида мешавад. Тоҷикистон низ маҳз дар асоси ҳамин арзишҳо сиёсати хориҷии худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ татбиқ намуда истодааст. Аз ин рӯ бо итминони комил гуфтан ҷоиз аст,ки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ алъон ва минбаъд ҳам дар фаъолияти сиёсии худ ва пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон мувофиқи арзишҳои дар боло зикргардида фаъолият хоҳад кард.

Рустам ҲАЙДАРОВ

доктори илмҳои фалсафа,

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон