Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 20 август барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин рафт.
Ба иттилоъи котиботи Маҷлиси миллӣ, дар ин сафар Рустами Эмомалиро вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор ташкилоту идораҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ, намояндагони бахши соҳибкорӣ, инчунин дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
Субҳи 21 август дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг ва қаҳрамонони мардуми Чин дар назди Ёдгории қаҳрамонони халқӣ гулчанбар гузошт, хабар медиҳад манбаъ.
Бо гузоштани гулчанбар муҳтарам Рустами Эмомалӣ хотираи шаҳидони роҳи озодӣ ва қаҳрамонони халқи Ҷумҳурии Мардумии Чинро гиромӣ дошт.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ Рустами Эмомалиро муовини раиси Комиссияи Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Ҳамчунин, имрӯз Рустами Эмомалӣ ба Осорхонаи таърихи Ҳизби коммунистии Чин ташриф оварда, бо намунаи ёдгориҳо ва санадҳои таърихӣ доир ба таърихи таъсиси ҳизб ва давраҳои ташаккули он шинос шуд.
Осорхонаи мазкур аз соли 2021 ба фаъолият оғоз намуда, дар он беш аз 2500 акс, 3500 ҳуҷҷату санадҳои таърихӣ ва дигар нигораҳо ба маъраз гузошта шудаанд.
Осорхонаи таърихи Ҳизби коммунистии Чин аз осорхонаҳои калонтарин ва дорои аҳамияти миллӣ барои мардуми Чин ба ҳисоб меравад.
Бинои асосии он дар шакли иероглифи чинии “гун”, (коргарон) сохта шуда, таҷассумгари пешоҳангии Ҳизби коммунистии Чин дар байни синфи коргар, мардум ва миллати Чин мебошад.
Сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Чин идома дорад.