Имконоти сармоягузории вилояти Суғд дар Москва муаррифӣ карда шуд

Shared to Facebook Shared to Max

Дар Маркази конгрессии Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия дар шаҳри Москва намоиши молу маҳсулот ва муаррифии имконияти сармоягузории вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад «ИмрӯзNews» бо истинод ба АМИТ «Ховар».

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни намоиш оид ба ҳолати ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратии дуҷониба маълумот дода, нақши робитаҳои байниминтақавиро дар устувор шудани ҳамкории стратегии Тоҷикистону Русия муҳим донист. Имконоти васеи сармоягузорӣ, махсусан дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъкид шуда, соҳибкорон даъват шуданд, ки аз шароити мавҷуда васеъ истифода баранд.

Дар чорабинии мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, муовини Президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия Владимир Падалко, аъзои Шурои федератсия ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд