22 апрел дар Ашқобод мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода бо Муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон оид ба нафту газ Гуванч Агаҷанов баргузор гардид, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкории ду кишварро дар бахшҳои нафту газ мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон




