Ароқчӣ: Дар сурати ҳамла пойгоҳҳои ИМА-ро дар минтақа ҳадаф қарор медиҳем

Shared to Facebook Shared to Max

Эрон ҳушдор дод, ки дар сурати ҳамла, омода аст пойгоҳҳои ИМА-ро дар халиҷи Форс ҳадаф қарор диҳад. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ароқчӣ дар суҳбат бо хабарнигорони шабакаи телевизионии Al Jazeera изҳор доштааст.

“Мо имкони ҳамла ба қаламрави ИМА-ро надорем, аммо агар Вашингтон ба мо ҳамла кунад, мо пойгоҳҳои онро дар минтақа ҳадаф қарор медиҳем”, — гуфтааст ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, ин ҳамла ба кишварҳои ҳамсоя нахоҳад буд, балки зарба ба пойгоҳҳои амрикоӣ дар қаламрави кишварҳое мебошад, “ки дар онҳо неруҳои амрикоӣ ҳузур доранд”.

Ароқчӣ таъкид кардааст, ки Теҳрон нақшае барои муҳокимаи барномаи мушакии худ дар айни замон ва на дар оянда надорад ва ин масъалаи дифоъи миллӣ аст. Ҳамчунин, вазири корҳои хориҷии Эрон эҳтимоли берун бурдани урани ғанишударо аз кишвар рад кардааст.

Пештар дар Амрико гуфтанд, ки Эрон баъд аз ҳамлаҳои ИМА ва Исроил дар моҳи июни соли гузашта чанд иншооти ҳастаии худро зуд барқарор карда, истеҳсоли мушакҳои баллистикиро ба роҳ мондааст.

Моҳи июни соли 2025 Исроил алайҳи Эрон амалиёти низомӣ оғоз кард: беш аз 200 ҳавопаймо ба иншооти ҳастаӣ, пойгоҳҳои ҳарбӣ ва марказҳои таҳияи силоҳ дар Эрон зарба заданд. Исроил ин амалиётро бо зарурати пешгирӣ аз сохтани силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Теҳрон иддао кард.

Ҳамон замон ИМА ошкоро ба муноқишаи низомии байни кишварҳо ҳамроҳ шуда, ба се иншооти ҳастаии Эрон — Фордо, Натанз ва Исфаҳон зарба зад. Президенти ИМА Доналд Трамп ҳадафи ин ҳамлаҳоро нобудсозии иқтидорҳои ғанисозии урани Эрон ва пешгирӣ аз таҳдиди ҳастаӣ номид.

Қаблан хадамоти махсуси кишварҳои ғарбӣ далеле дар бораи сохтани силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Эрон пайдо накарда буданд.