4 январ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо сардори Идораи Осиёи Марказии Вазорати умури хориҷаи Эрон Муҳаммади Қубодӣ мулоқот намуд, хабар додааст Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон.
Зимни суҳбат ҳамкории дуҷониба дар соли 2025 натиҷагирӣ шуда, дурнамои робитаҳо барои соли 2026 дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон




