5 декабри соли 2025 дар шаҳри Вена дар ҳошияи нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири федеролии корҳои Аврупоӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Австрия хонум Беате Майнл-Райзингер баргузор гардид, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Австрия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин муносибатҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Зимни мулоқот роҳбарони мақоми сиёсати хориҷӣ перомуни тавсеаи робитаҳо дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Ҳамсуҳбатон ба масоили таъмини амният, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ таваҷҷуҳи махсус карданд.
Вобаста ба ин, ҷониби Австрия изҳори омодагӣ кард, ки дар марҳилаҳои навбатӣ барои боздид аз Тоҷикистон бо мақсади баррасии робитаҳо дар самтҳои зикрёфта ҳайати баландмақом фиристад.
Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт.




