Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири авқоф ва корҳои исломии Қатар

Shared to Facebook

9 октябри соли 2025 дар шаҳри Давҳа мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо вазири авқоф ва корҳои исломии Қатар Ғоним ибни Шоҳин ибни Ғоним Ал-Ғоним баргузор гардид, иттилоъ додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар мулоқот густариши ҳамкориҳои мутақобила судманд баррасӣ шуда, ба табодули сафарҳои соҳа мувофиқа ҳосил гардид.