24 сентябри соли 2025 дар ҳошияи Иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии СММ мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари ниҳоди СММ-Об Алварио Ларио баргузор гардид, иттилоъ додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ташаббусҳои муҳими марбут ба захираҳои об табодули афкор намуда, чорабиниҳои байналмилалии таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид баргузоршаванда, аз ҷумла Конфронси оби СММ-2028 дар шаҳри Душанберо баррасӣ намуданд.