Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Русия Владимир Путин дар робита ба ҳамлаи мусаллаҳона ба яке аз мактабҳои шаҳри Қазон, ки дар натиҷа 7 нафар кушта шуд, барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намудаст.
“Хабари фоҷиабори амалкарди бераҳмонаи зӯроварӣ болои талабагон ва кормандони мактаби таҳсилоти умумӣ дар шаҳри Қазон боиси андӯҳ ва нафрати амиқи мо гардид.
Таъзия ва тасаллиёти самимии ин ҷонибро ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам”, — гуфтааст Президенти Тоҷикистон дар барқияи ҳамдардияш.
Субҳи 11-уми май дар шаҳри Қазон ба гимназияи рақами №175, воқеъ дар қисмати шарқии пойтахти Тотористон, ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт, ки ба иттилои мақомот, дар натиҷа 9 нафар – 7 хонандаи мактаб ва ду омӯзгор кушта шуданд.
Вазорати тандурустии Тотористон гуфт, беш аз 20 нафари дигар, аксар мактаббачаҳо, бистарӣ шудаанд. Шаш нафар дар шӯъбаҳои эҳёгарӣ буда, вазъи ду нафарашон вазнин арзёбӣ мешавад.
Ҳамла дар соатҳое рух дод, ки дар гимназия дарс ҷараён дошт.
Аз ҳамлагар ҷавони 19-солае бо номи Илноз Галявиев ном бурда шудааст, ки дар гузашта дар ҳамин гимназия таҳсил кардаву се сол қабл ба коллеҷ рафтааст.
Ба гузориши матбуоти Русия, барои даст доштан дар ин ҳамла ду нафар дастгир шудаанд, ки яке ҳамон Илноз Галявиев будааст. Як манбаи РБК дар ФСБ гуфтааст, ки Рамил Муҳамедшини 41-сола низ боздошт шудааст. Вай дар кумак ба ҳамла гумонбар дониста мешавад. Life низ аз боздошти Муҳамедшин хабар додааст.
Қабл аз ин аз кушта шудани ҳамлагари дуввум хабар дода мешуд, аммо Маркази иттилоотии Кумитаи миллии зиддитеррори Русия хабар дод, ки танҳо як ҳамлагари мусаллаҳ буд. ВКД ҳам дар бораи боздошти як ҳамлагар хабар дод.
Президенти Тотористон Рустам Миннихонов тасдиқ кардааст, ки ҳамлагар 19 сол дошта, ба номи ӯ силоҳи расман сабтшуда вуҷуд дошт.
Рӯзи 12-уми май дар Тотористон рӯзи мотам эълон шудааст.