“Заҳҳокҳои асри нав”

Shared to Facebook

Фирдавсӣ ва масъалаҳои мағзшӯии ҷавонон дар достони “Заҳҳок”

Дар раванди тағйирёбии босуръати ҷомеаи муосир ва бархӯрди тамаддунҳо ҷиҳати ҳифзи манфиатҳо, густариши маърифати миллӣ ва рушди афкори худшиносӣ, ҷалби ҷавонони ватандӯст ва мағзҳои офарандаву созанда яке аз муҳимтарин масъалаҳои меҳварии давлатдории навин маҳсуб мешавад.

Дар вазъияти мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ раванди мағзшӯӣ аз ҷониби мухолифони ҳар давлату миллат бештар миёни ҷавонон ба назар мерасад, киоқибатҳои хатарнок дорад. Масъалаи мазкур дар фалсафаи бостонии тоҷик ва асрҳои миёна инъикос ёфтааст. Вале боиси таассуф аст, ки ин раванд ба нуқтаи ниҳоии фарт, яъне ифротгароӣ мерасад, ки онро дар ҷомеашиносӣ мағзшӯӣ ва ё “надстройка”-и тафаккурҳо меноманд.

Дар таълимоти фалсафии Абулқосим Фирдавсӣ ба вежа, “Шоҳнома” андешаҳои ҷолиб оид ба масъалаҳои ҳаёту марг, моҳияти ҳастии инсон, мавқеи инсон дар олам, ҳаёти ҷамъиятӣ, адолати иҷтимоӣ, таъмини амнияти давлат ва ҷамъият, нафрат ба ҷангу хунрезӣ, васфи сулҳу адолат, ёру диёр, забону фарҳанг, қаҳрамонону паҳлавонон, васфи шоҳони одил, ишқу вафо, муҳаббат бар ватан ва дигар масъалаҳои иҷтимоиву сиёсӣ, фалсафиву ахлоқӣ ва ҳуқуқии хешро инъикос карда бошад, ҳамзамон дар мазаммати ҷангу хунрезӣ, хиёнат ба Ватан ва ёру диёр, нақди шоҳони ҷоҳил, бегонапарастӣ, зулму истибдод, мағзшӯӣ кардани ҷавонон ва амсоли инҳо изҳори назар кардааст.

Масъалаи мавриди назар дар достонҳои ҷудогонаи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, махсусан дар достони Заҳҳок хеле ҳакимона таҷассум ёфтааст. Чунончӣ, мефармояд:

Фаровон сухан гуфт зебову нағз,

Ҷавонро зи дониш тиҳӣ буд мағз.

Фирдавсӣ таъкид медорад, ки ҷалби ҷавонони тиҳимағз бо суханони зебову нағз аз корҳои маъмулии мағзшӯён аст. Раванди амалии ин падида дар равандҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва воқеиётӣ ба назар мерасад, ки дарки моҳияти масъала ва пешгирӣ аз онаҳамияти махсусеро соҳиб мебошад.

Нависандаи маъруфи тоҷик Сотим Улуғзода, ки баъди чандин соли умри худро дар таҳқиқи “Шоҳнома” сарф карда, бо забони равон назми шоирро ба наср Заҳҳок дар китфи худ ду мор дошта, барои оромиши рӯҳиву равонии худ ва қарор гирифтани морҳои китфаш танҳо як воситаи оромиш дошт, ки он ҳам хӯрдани мағзи сари ҷавон маҳсуб меёфт. Фирдавсӣ бо тасвири симои Заҳҳок нуктаеро таъкид менамояд, ки ҳамеша ҷавонон барои ҷалби қувваҳои бадӣ осебпазир ҳастанд.

Дар замони муосир махсусан барои заҳҳокони ҳар давлату миллат ҷавонон воситаи муҳиме барои амалӣ намудани манфиатҳо маҳсуб мешаванд. Ин хоинони Ватан дар фазои маҷозӣ маҳз бо ҷалб ва мағзшӯии ҷавонон машғуланд, ки мо ин мағзшӯиро ба мисли ҳамон хӯрдани мағзҳои ҷавонон аз ҷониби морони китфи Заҳҳок мешуморем.

Имрӯзҳо аҳриманандешони асри навин бо ҳадафҳои муғризонаи худ як гурӯҳ хоинони ватану миллатро, ки ҳувияти милливу номусу нанги миллӣ надоранд, ба доми худ кашида, онҳоро чун Заҳҳок барои мағзшӯии ҷавонону наврасон истифода менамоянд.

Ин заҳҳоксифатон ҳадафҳои аҳриманандешон (қувваҳои бадӣ, бадандешон, бадкорон)-ро дар ҷомеа мехоҳанд пиёда намоянд. Дар ҷомеаи имрӯз гурӯҳҳои ифротгаро ва саркардагони он бо истифода аз Заҳҳокони замони муосир шабакаҳои иҷтимоиро ҳамчун паноҳгоҳи амн ва воситаи мағзшӯӣ кардани ҷавонон ба таври васеъ истифода менамоянд. Чуноне ки мо аз достони Заҳҳок дар “Шоҳнома” маълумот дорем, Аҳриман Заҳҳокро аз хурдияш мағзшӯӣ намуда, дар вуҷуди ӯ кину худхоҳӣ, ҷоҳталабиву таасубро парвариш намуда, писарро қотили падари худ намуд.

Дар замони муосир баъзе аҳриманҳое падид омадаанд, ки фарзандонро зидди падару модар, фарҳангу миллат, арзишҳои миллӣ ва ва давлату давлатдорӣ менамоянд, ки мехоҳанд “заҳҳокҳои асри нав”-ро ба вуҷуд оранд. Зеро ба воситаи ин “заҳҳокҳои асри нав” тухми кинаву нафратро дар миёни мардум барои манфиатҳои бади худ бипошанд.

Аҳриманҳову заҳҳокони асри нав ҷавонони дур аз илму фанро бо макру ҳила ва дурӯғпароканӣ, онҳоро аз ҳолати табиӣ худ берун бароварда, ба ифроту хурофот, ҷаҳлу таассуб, тафриқаандозиву тақлиднамоӣ раҳнамоӣ менамоянд. Фирдавсӣ дар достони Заҳҳок ин масъаларо хеле хуб тасвир намудааст, ки шахси ифротӣ ва ба доми андешаҳои аҳриманӣ афтида қодир ба ҳар коре буда метавонад, хиёнат бар Ватан, миллат ва ҳатто ба қатли падари худ аз рӯи таасуб, кинхоҳӣ, ҷаҳлу ҳасад, худписандиву худнамоӣ ва ғайраҳо мебошад.

Дар ин достон Фирдавсӣ бо маҳорати баланд маҳз амали бадхоҳонро чунин тасвир намудааст: “Аҳримани фитнаангез, ки барои корҳои зишт одамони камхирад ва худкому худхоҳро меҷӯяд, як пагоҳ худро ба сурати марди некандеш дароварда, назди Заҳҳок омад ва бо забони нарму овози форам ба гӯши вай афсун хондан гирифт”.

Имрӯз аҳриманчеҳрагон мисли Муҳиддин Кабириву Муҳаммадиқболи Садриддин худро диндору ботақво, адолатпарвару ватандӯст нишон дода, ҷавонону наврасонро бо истифода аз дин ва ҳадисҳо ҷавононро мисли Аҳримани тасвирнамудаи Фирдавсӣ мағзшӯӣ намуда, бар муқобили ватану миллат ва арзишҳои милливу фарҳанги миллӣ миуқобил месозанд.

Аҳриман Заҳҳокро бо истифода аз ғурур ва худхоҳияш барои ҷоҳу ҷалол бар муқобили падари худ омода намуда, муҷиби марги падари худ мегардад.

Бале, унвони “Вориси Аҳриман” ба Муҳиддин Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин муносиб мебошад. Чунки дар ҳақиқат ӯ ба миллату Ватани аҷдодии худ бо иғвоангезӣ хиёнат кардааст. Ин нохалаф манфиатҳои миллии ҳамзабонон ва ҳамдиёрони худро нодида гирифта, ба аъмоли ношоям даст задааст. Агар ба шахсияти М.Кабирӣ ва М.Иқбол назар афканем, маълум мегардад, ки онҳо шахси нотавонбин ва дур аз фаҳмиши Ислом кор мебаранд. Онҳо нисбат ба дини Ислом кӯр-кӯрона муносибат намуда, динро ба манофеи шахсии худ бо истифода аз эҳсоси ҷавонон ба таври васеъ истифода менамоянд, ки ин барои ҳар миллати ватандӯсту ватанпараст ва худшиносу худогоҳ қобили қабул намебошад.

Яъне ин гуна барномаҳо ва баромадҳои чунин хоинон як кори бемаънӣ буда, танҳо барои роҳгум намудани мардум ва барои соҳиб гардидан ба даромади пулӣ нигаронида шудааст. Яъне онҳо ба воситаи чунин барномаҳо ва ҷалби ҷавонон ба сафи чунин гурӯҳҳои террористӣ соҳиби маблағ мегарданд. Кабирӣ ҳам хуб медонад, ки дигар халқи Тоҷикистон ӯро қабул намекунад.

Ин бори дигар гувоҳӣ аз бузургии Фирдавсӣ медиҳад, ки ҳазор сол пеш пешгӯи карда буд, ки гурӯҳҳои нохалаф мағзҳои сари ҷавонони моро “мехӯранд” ва онҳоро ба гумроҳӣ ба роҳи аҳриманӣ мебаранд, зеро ки худи онҳо ворисони Аҳриман ба ҳисоб мераванд.

Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Шарофиддин Гадоев, Шавкати Муҳаммад, Ҳусейн Ашӯров ва якчанд нафари дигари ҳаммаслакони онҳо низ маҳз ворисони Аҳриман буда, имрӯзҳо бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун морҳои тасвирнамудаи Фирдавсӣ кӯшиш намуда истодаанд, ки мағзҳои сари ҷавонони моро “хӯрда” бошанд.

Ба назари мо, барои рафъи ҳама гуна хатар ва осебҳо аз ҷониби душманони миллат дар баробари оне, ки Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ мавриди таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат қарор гирифт, тарғиби паёми Фирдавсӣ миёни ҷавонон ва дар фазои маҷозӣ аз муҳимтарин корҳо маҳсуб мешавад. Таҳия ва пахши барномаҳои вокунишӣ бо далелҳои илмӣ ва илмиву мантиқӣ аз ҳисоби коршиносон, олимон, устодон ва умуман равшанфикрон, гурӯҳҳои аналитикӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷойи иттилооти бегонаву барномаҳои гурӯҳҳои ифротгаро мебошад. Ҳамчунин, ташвиқи андешаҳои ватандӯстии Фирдавсӣ дар миёни насли наврасу ҷавон саривақтӣ ва муҳим маҳсуб мешавад.

Диловар САИДЗОДА

номзади илмҳои сиёсӣ,

муовини ректор оид ба илм ва

инноватсияи ДДХ ба номи Б.Ғафуров