Шветсия ба Тоҷикистон ваксина фиристод, Олмон ҳам ваъда дод

Shared to Facebook

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Олмон ваксинаҳои зидди коронавирус мегиранд. Ин ваксинаҳо дар доираи механизми глобалии COVAX ва ваъдаи ҳукумати он кишвар оид ба кумак ба кишварҳои дар ҳоли рушд дастрас карда мешавад.

Бино ба гузориши DW, дар ин бора рӯзи 9 август муовини намояндаи расмии ҳукумати Олмон Улрике Деммер хабар дод.

Ба гуфтаи вай, ба Тошканд ва Душанбе мутаносибан 355,200 ва 100,800 вояи ваксина ҷудо карда мешавад. Санаи таҳвил муайян нашудааст.

Дигар кишварҳои қабулкунандаи ваксина Судон (357,600), Эфиопия (271,200) ва Афғонистон (213,600) хоҳанд буд.

Қарор дар бораи он ки Олмон то охири сол, пеш аз ҳама, ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ 30 миллион воя ваксна мефиристад, дар Саммити глобалии тандурустӣ 21 май дар Рим эълон шуд.

Ба гуфтаи Деммер, гирандагони ваксина кишварҳое хоҳанд буд, ки тибқи арзёбии СҶТ ва GAVI, эҳтиёҷ ба ваксина махсусан зиёд аст ва дар он ҷо доруҳои мазкур фавран ҳамчун як қисми маъракаи эмкунӣ истифода мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи хабари дигар, 9 август бастаи ваксинаҳо ба муқобили коронавирус, ки ҳукумати Шветсия дар доираи механизми COVAX ҷудо намудааст, ба Душанбе оварда шуд.

Созмони ЮНИСЕФ дар саҳифаи фейсбукии худ навишт, ки ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 128,640 вояи ваксинаҳои AstraZeneca (моҳи марти имсол онро ба Vaxzevria тағйири ном карданд) супорида шуд, ки ба фарогирии бештари аҳолӣ ба эмкунӣ дар ҷумҳурӣ ва ҳифзи шумораи бештари одамон мусоидат мекунад.

“Ва мо ба ҳукумати Шветсия ва инчунин ба кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо барои саҳми онҳо дар мубориза бо пандемия дар Тоҷикистон миннатдории самимии худро баён мекунем”, — омадааст дар матн.

Бино ба маълумоти расмӣ, то 4 августи имсол дар Тоҷикистон 1 миллиону 13 ҳазору 808 нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шудаанд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 80 ҳазору 250 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ гирифтаанд.