Русия намехоҳад низомиёни ИМА-ро дар ҳудуди кишварҳои Осиёи Марказӣ бинад. Бино ба хабари ТАСС, дар ин бора рӯзи сешанбе вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт:
“Аввалан, мо фазои умумии амниятӣ дорем. Ва ин фазо ӯҳдадориҳои худро дорад. Ман Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро дар назар дорам, ки розигии ҳама муттаҳидонро дар масъалаҳои марбут ба ҷойгиркунии нерӯҳои мусаллаҳи хориҷӣ дар қаламрави онҳо пешбинӣ мекунад”, — гуфт ӯ.
Лавров тавзеҳ дод, ки сабаби асосии ин “хоҳиш надоштан” ин аст, ки амрикоиҳо бахше аз зерсохтор, аслиҳа ва кормандони низомиро дар қаламрави ин кишварҳо ҷой кардан мехоҳанд, то дар сурати зарурат ба хоки Афғонистон зарба зананд:
“Агар шумо фикр мекунед, ягон кишвар, хоҳ Осиёи Марказӣ ва хоҳ дар ҷойи дигар, мехоҳад барои он чунин ҳадаф қарор гирад, ки амрикоиҳо ташаббусҳои худро қонеъ кунанд, ман сахт шубҳа дорам, ки ба касе лозим бошад”, — гуфтааст Лавров.
Қаблан The Wall Street Journal бо такя ба мақомоти баландпояи ду кишвар хабар дода буд, ки дар саммити моҳи июни Русияву Амрико дар Женева президенти ИМА Ҷо Байден ба президенти Русия Владимир Путин бо дархости ҷойгиркунии нерӯҳои амрикоӣ дар кишварҳои бо Афғонистон ҳамсарди Осиёи Марказӣ муроҷиат кардааст.