Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар бархе ҷузъиёти фирори собиқ президенти ин кишвар Ашраф Fанӣ қисса карда, таъкид намудааст, ки неруҳои муқовимати зидди “Толибон” дар Панҷшер то охир ба муқобили ин ҳаракати террористӣ мубориза мебаранд.
Ҳамчунин, вай аз қасди ин ҳаракати радикалӣ барои нобудсозии роҳбари Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон дар Панҷшер Аҳмад Масъуд, ки сафир “ягона ҳукумати қонунӣ дар Афғонистон” номидааст, ҳушдор додааст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзҳои охир ҷангҳо дар атрофи Панҷшер авҷ гирифтаву ҳаракати радикалии “Толибон” талафоти сангин дода, ақибнишинӣ кардааст.
Сафир дар суҳбат ба РИА Новости гуфтааст, президенти собиқ Ашраф Fанӣ на танҳо аз кишвар фирор кард, балки ҳамкасбонашро дар ҳолати ногувор гузошт ва пули бисёреро аз мардум дуздид:
“Ҳеҷ яке аз муовинони Fанӣ намедонист, ки президент қасд дорад аз кишвар фирор кунад. Ба гуфтаи вазири дифои ҳукумат, ки ман шахсан бо ӯ суҳбат доштам, яке аз мушовирони Fанӣ ба вазорати дифоъ занг зад ва гуфт, ки Ашраф Fанӣ соати 16:00 барои мулоқот хоҳад буд”, — гуфтааст Сафир.
Ба гуфтаи Муҳаммад Зоҳир Ағбар, мақомот омода ва мунтазири Ашраф Fанӣ буданд, аммо он замон се ҳавопаймо бо Fанӣ ва оилаи ӯ аз фурудгоҳи Кобул парвоз карданд.
Ёдрас мекунем, 15 августи имсол, рӯзе, ки ҷангҷӯёни ҳаракати радикалии “Толибон” вориди Кобул шуданд, Ашраф Fанӣ истеъфо дода, аз Афғонистон фирор кард.
Дар суҳбат бо РИА Новости дипломати афғон, ҳамчунин, изҳори итминон кардааст, ки муқовимат Панҷшерро ба ҳаракати террористии “Толибон” намедиҳад:
“Ҳимоя маънои ҷангро надорад, муқовимат дар Панҷшер барои он чизе ки мо дар тӯли ин солҳо ба даст овардаем, барои ҳуқуқҳо, манфиатҳои мо мубориза мебарад ва писари Масъуд, писари қаҳрамони миллии мо, таҷриба дорад, хуни падар дорад”, — гуфтааст вай.
Ба гуфтаи Сафир, дар ин вилоят ватандӯстони воқеии дорои таҷрибаи ҳарбӣ зиндагӣ мекунанд, сокинони дараи Панҷшер то охир мубориза хоҳанд бурд:
“25 сол пеш “Толибон” қариб тамоми кишварро ишғол карданд, аммо натавонистанд Панҷшерро ишғол кунанд”, — таъкид кардааст вай.
Дар айни замон, ба гуфтаи дипломат, муқовимат ба “Толибон” метавонад дар тамоми қаламрави Афғонистон авҷ гирад. Ба ин далел ҳаракати радикалии “Толибон” ният дорад раҳбари Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон дар Панҷшер Аҳмад Масъудро нобуд созад.
Ба гуфтаи Сафир, ҳаракати террористии “Толибон” ҳеҷ гоҳ бо раҳбарони муқовимат дар Панҷшер гуфтушунид намекунад:
“Онҳо сиёсатмадор не, балки террористҳое ҳастанд, ки се сол пеш дар рӯйхати созмонҳои мамнӯъ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон буданд. Онҳо мағрур ва таҷовузкоранд, ҳадафи онҳо ба зону задани тамоми Афғонистон аст. Онҳо ба ҳеҷ шарти музокироти Доҳа розӣ нестанд. Ҳадафи онҳо нобуд кардани пешвоёни муқовимат, бахусус Аҳмад Масъуд аст”, — гуфтааст дипломат.
Дар ҳамин ҳол, Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар суҳбати аз ин қаблаш бо рӯзномаи итолиёии La Repubblica гуфт, дар Афғонистон ягон режими нав ба вуҷуд наомада, балки ҳаракати террористии “Толибон” Кобул ва дигар минтақаҳои Афғонистонро ишғол кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ба ном ҳукумате, ки “Толибон” ташкил кардааст, аз ҷониби касе эътироф намешавад:
“Танҳо ҳукумати қонунӣ дар Афғонистон ҳукумати Аҳмад Масъуд, писари қаҳрамони миллии мо Аҳмадшоҳи Масъуд аст”, — таъкид кард Сафир.
“Ба фарқ аз дигар раҳбарони Афғонистон, Масъуд солҳо ба ҷанг бо ҷангиёни исломӣ омодагӣ мебинад ва ҳоло ҳама муқовимати зидди “Толибон” таҳти фармондеҳии ӯ ҷамъ мешаванд”, — афзудааст ӯ.
Ин гуфтугуҳои Сафир дар ҳолеянд, ки рӯзҳои охир ташкилоти террористии “Толибон” ҳамлаҳои худ ба Панҷшеро афзоиш додаанд. Аз ҷумла, бино ба гузоришҳо, танҳо шабонарӯзи гузашта ҷангҷӯёни толиб аз шимолу шарқи Панҷшер се ҳамлаи бузург анҷом дода, аммо бо талафоти сангин ақибнишинӣ кардаанд. Ин ҳамлаҳо ба мавзеъҳои Ҷабҳаи муттаҳиди миллии Афғонистон дар ағбаи Ховок ва дараи Шутул дар шимолу ғарби дараи Панҷшер сурат гирифтаанд.
Зимнан, Панҷшер ҳоло маркази муқовимати нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон ва таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд аст, ки ишғолгариҳои “Толибон”-ро эътироф накарда, ягона минтақаи озод аз ғасби ин ҳаракати террористӣ мебошад.