Ҳаракати радикалии “Толибон” хабар дод, ки “ҳазорон” сарбози худро ба вилояти Тахори Афғонистон дар наздикии марзи Тоҷикистон фиристод.
Давлати худхондаи ба ном “Аморати исломӣ” дар Афғонистон, ки “Толибон” ташкил кардааст, иддао кард, ки ба вилоятҳои ҳаммарзи ин кишвар бо Тоҷикистон “ба хотири ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои амниятӣ” нерӯ мефиристад.
Сухангӯи “Толибон” Забеҳуллоҳ Муҷоҳид рӯзи 25-уми сентябр дар саҳифаи Твиттери худ бо нашри акси мошинҳои низомӣ ва афроде дар либосҳои низомӣ аз ҷойгир кардани “даҳ ҳазор аз нерӯҳои махсуси “Лашкари мансурии аморати исломӣ” бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз “таҳдидҳои эҳтимолӣ” дар вилояти Тахор, ҳаммарз бо Тоҷикистон, хабар дод.
“Лашкари мансурии Аморати исломӣ” бештар афродеро дар бар мегирад, ки ба амалҳои маргталабона машғуланд. Аз ин қабл “Толибон” аз мустақар кардани ин нерӯ дар Бадахшони Афғонистон маълумот дода буд.
Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи “Озодӣ”, мақомоти тоҷик ирсоли “ҳазорон” нерӯ аз ҷониби “Толибон”-ро воҳима номида, вале гуфтаанд, “талошҳои гуруҳҳои ифротӣ дар он сӯи марзро назорат доранд”.