Намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон тасдиқ карданд, ки дар Амрико намояндагии худро боз карданд. Масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимат Алӣ Майсам Назарӣ дар “Твиттер” навишт, дар Амрико иҷозатномаи Вазорати адлияро гирифтанд.
“Дафтари байналмиллалии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон муҷаввизи ифтитоҳи расмӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дарёфт карда, ба зудӣ фаъолиятҳои худро дар саросари ҷаҳон густариш хоҳад дод”, — навишт вай.
“Афғонистон Интернешнл” бо такя ба суханони ӯ гузориш дод, ки иҷозатнома барои кушодани намояндагии байналмилалии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Вашингтон содир шудааст:
“Ин иҷозатнома аз сӯи вазорати адлияи Амрико содир шудааст”, — гуфтааст Назарӣ ва афзудааст, чунин иҷозатномаҳо барои ҷабҳаҳои сиёсӣ-низомӣ аҳёнан содир мешавад.
Хабаргузории ТАСС ҳам бо истинод ба портали Axios иттилоъ дод, ки ҳадафи ифтитоҳи намояндагӣ муътақид сохтани сиёсатмадорони амрикоӣ ба дастгирии мухолифони афғон унвон шудааст.
Як раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Душанбе, ки нахост номаш зикр шавад, дар таъйиди ин хабар ба “Sputnik Тоҷикистон” гуфтааст, ин як навъ эътирофи Ҷабҳаи муқовимат аз сӯйи Амрикост.
Ин манбаъ гуфтааст, ҳудуди даҳ рӯз қабл Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳамчунин иҷозатномаро аз Иттиҳоди Аврупо низ ба даст оварда, фаъолиятҳояшро дар Аврупо шуруъ карда буд.
Дар ҳамин ҳол, бархе коршиносон ҳафтаи гузашта навишта буданд, ки Ҷабҳаи зиддитолибии муқовимати миллии Афғонистон дар Тоҷикистон (Душанбе) намояндагии расмии худро боз кард. Ин маълумот расман тасдиқ рад нашудааст.