Зас гуфт, ки нерӯҳои посдори сулҳи СААД дар Қазоқистон чӣ кор мекунанд

Shared to Facebook

Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас ба хабаргузории РИА Новости гуфт, нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳи ин созмон дар Қазоқистон иншооти стратегии давлатиро посбонӣ намуда ва ба таъмини тартибот мусоидат мекунанд:

“Агар дар бораи вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда сухан ронем, пас онҳоро шартан ба ду вазифаи асосӣ тақсим кардан мумкин аст. Якум, ин ҳифзи иншооти муҳимтарини давлатӣ, стратегӣ мебошад. Вазифаи дуюм кӯмак ҳифзи қонун ва тартибот аст, то одамон худро бехатар ҳис кунанд”, — гуфт Зас.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи раиси Кумитаи Думаи Русия оид ба ИДМ, нерӯҳои посдори сулҳи СААД то замоне дар Қазоқистон боқӣ мемонанд, ки мақомоти ин кишвар дархости хуруҷи онҳоро накунанд.