Прокуратураи генералии Қазоқистон дар робита ба намоишҳои эътирозии рӯзҳои охир парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.
Ба маълумоти мақомоти прокуратура, ба ошӯбгарон аз ҳашт соли зиндон то ҳабси абад бо маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ таҳдид мекунад, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон:
“Айни замон ҷамъоварӣ ва сабти осори ҷиноятҳо идома дорад”, — гуфтаанд дар ниҳод.
Дар робита ба ин Прокуратураи генералии Қазоқистон аз сокинони ҷумҳурӣ хостааст, ки дар телефонҳои мобилиашон сабти қонуншиканиҳоро нигоҳ доранд.
Қаблан Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон гуфта буд, эътирозгароне, ки аз гузоштани силоҳ худдорӣ мекунанд, безарар карда хоҳанд шуд.